Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7 % ё худ 45,6 млн. доллари ИМА камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 476,2 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 85 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 75 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 361,8 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳҳои соли гузашта 10,3% ё худ 33,7 млн. $ зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 838,1 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,6% ё худ 80 млн. $ камтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 198 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Туркия – беш аз 168 млн. $, Қазоқистон – қариб 160 млн. $ ва Чин – каме бештар аз 126 млн. $-ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон 785,7 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% ё худ 41,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста