Чанде қабл вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмуддинов бо намояндагони Бонки осиёгии рушд таҳти сарварии намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот атрофи масоили муҳим ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои идораи молия ва сиёсати буҷету андоз табодули назар сурат гирифта, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва масоили марбут ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими заминаи моддиву фаннии маълумоти касбии техникӣ, рушди бахши энергетика, беҳбуд ва тавсеъаи шабакаи роҳҳои оҳан, идоракунии захоири обӣ ва дастгирии буҷети Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
«Ғайр аз ин, ҷонибҳо доир ба самтҳои асосии барномаҳои муштараки барои соли 2013 ва давраи миёнамӯҳлат (солҳои 2014-2016) пешбинишуда, ҳамоҳангсозии муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо БОР ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкӣ низ ибрози андеша намуданд», - зикр мегардад дар иттилои котиботи Вазорати молия.
Гуфта мешавад, Наҷмуддинов дастовардҳои назаррас давоми ҳамкорӣ бо бонк, бахусус дар қисмати баргузории ислоҳот дар бахшҳои молиявии кишварро таъкид намуда, изҳори итминон кардааст, ки ҳамкори судманд бо БОР минбаъд низ рушду густариш хоҳанд ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста