Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ – имкониятҳо ва фурсатҳо барои иштироки иқтисодиёти Олмон», дар шаҳри Берлини Олмон қарор дорад, дар мавзӯи «Дурнамо ва имкониятҳо барои фаъолияти тиҷоратии Олмон дар истифодабарии маҷмӯи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон» маърӯза кард.
Бино ба иттилои шуъбаи Котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар маърӯза изҳори назар карда шуд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи электроэнергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Дар маърӯза зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмак ва ҳамкориҳо бо Олмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар 28 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика, ки аз ин 7 сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ ва 21 адад лоиҳаҳои таҷдид ва азнавсозӣ ба ҳисоб меравад, ба маблағи умумии 2 млрд. доллари ИМА амалӣ карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Гул Шералӣ дар доираи ин сафар дар асоси Ёддоштҳои Тафоҳуми баимзорасида, бо Роҳбарияти Агентии энергетикии Олмон «Dena», ширкатҳои DPU Investment Gmbh ва ВАЕ Batterien Gmbh, ANDRITZ Hydro Gmbh ва Voith Hydro Gmbh» вохӯриҳои судманд анҷом дод.
«Зимни вохӯриҳо ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои таҷдиду азнавсозии НБО-ҳои амалкунанда, рушди шарикии Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, мусоидат дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетика, инчунин рушди энергияи офтобӣ диққати хосса дода шуд», - гуфта мешавад дар иттилои шуъбаи котиботи вазорат.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста