Шоми дирӯз комиссияи махсуси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба санҷиши қатораҳои самти Душанбе-Маскав аз истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ба Маскав раҳсипор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, ба ҳайати комиссияи мазкур масъулини соҳа, кормандони Прокуратураи нақлиёт, Шӯъбаи корҳои дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон шомиланд.
Ба иттилои манбаъ, комиссия бо мақсади ошкор намудани то кадом дараҷа воқеъӣ будани изҳороти интиқодии мансабдорони воломақоми Русия нисбат ба ҳайатҳои қатораҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
«Аъзои комиссия вазъи қатора қабл аз сафар аз истгоҳи Душанберо мавриди санҷиш қарор дода, дар сафар бо ҷараёни санҷиши қатора аз ҷониби мақомоти масъули кишварҳои убури қатора низ аз наздик ошно хоҳанд гардид», - гуфтанд дар корхона.
Зимнан зикр гардид, ки пас аз 9 рӯз аъзои комиссия бо ҳамин ҳайати қатора аз Маскав ба Душанбе баргашта, дар бораи сафар ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунанд.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл бо супориши мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» як комиссияи махсуси корие таъсис дода шуд, ки ба санҷиши қатораи ба самти Душанбе-Маскав равуодошта машғул хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста