Солҳои наздик КВД «Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки аз Ёвон то Сарбанд як лӯлаи нави интиқоли газ бунёд кунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали директори КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов хабар дод, масофаи лӯлаи интиқоли газ 60 километрро ташкил дода, соли оянда пас аз ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ аз ҷониби давлат корҳои лоиҳакашии он оғоз мегарданд.
«Лӯлаи интиқоли гази дар Сарбанд мавҷудбудаи Қизилтумшуқ-Душанбе аз соли 1963 мавриди истифода ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, гузашта аз ин, аз рӯйи релйефи номусоид мегузарад, ки ба талафоти зиёд боис мегардад ва дар ин робита, сохтмони лӯлаи нав аз Сарбанд то Ёвон зарур аст», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, лӯлаи нави интиқоли газ бо иқтидори пешакии то 1 млрд. метри мукааб бо лӯлаи интиқоли гази амалкунандаи Ёвон-Душанбе пайваст мешавад, ки аз соли 1986 мавриди истифода ва дар ҳолати хубтаре нисбат ба лӯлаи интиқоли гази Қизилтумшуқ-Душанбе қарор дорад.
«Ин пешниҳод ҳанӯз соли гузашта садо дода, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфт. Мо имсол тарҳи фанниву иқтисодии сохтмонро таҳия мекунем. Барои сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ ҳудуди 40-50 млн. доллари ИМА зарур аст. Албатта, барои сохтмон сармоягузор хоҳем ҷуст», - зикр карданд дар «Тоҷиктрансгаз».
Дар корхона умедворанд, ки то замони анҷоми сохтмони лӯлаи нав дар Тоҷикистон ҷараёни истихроҷи саноатии гази табиӣ оғоз хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки имсол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон умуман гази табиӣ ворид нашудааст. Феълан гази табиӣ ва нафти худӣ ҳамагӣ камтар аз 5%-и талаботи кишварро қонеъ месозанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста