Аввали ҳафтаи равонз дар фурудгоҳи Душанбе хати худгарди системаи сабти номи мусофирон роҳандозӣ шуд.
Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, нимаи дуюми соли 2012 системаи нави сабти номи мусофирон мутобиқи талаботи Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) насб карда шуд. Системаи нави сабти ном аз ду таҷҳизоти пуриқтидори Рапискан ва тасмаҳои худгард иборат буда, тамоми раванди кор автоматӣ аст.
Бағоҷи мусофир аз нуктаи «А» то нуктаи «Б» тариқи дастгоҳҳои назоратӣ мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор гирифта, ҳаракат мекунад. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа бағоҷ ба таҷҳизоти назоратии қавӣ меравад ва ҳангоми зери шубҳа қарор гирифтани бағоҷ таҷҳизоти назоратӣ бағоҷро ба мавзеи назорати дастӣ интиқол медиҳад ва бағоҷи шубҳанок дар ҳузури соҳиби бағоҷ, намояндагони фурудгоҳ ва корманди хадамоти гумрук аз назар гузаронида мешавад.
Барои назорат ва роҳандозӣ намудани системаи мазкур, ки хело муракаб аст, ҷониби ширкати Рапискан ба кормандони фурудгоҳ ва гумрукчиён курсҳои омӯзишӣ ташкил намуд.
Имрӯз дар ҳузури намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии дар фурудгоҳ амалкунанда хати худгард роҳандозӣ карда шуд. Намояндагони хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, ШКД назди фурудгоҳ ва сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт раванди кори системаи навро назорат намуданд.
Бо роҳадозӣ шудани хати худгард ва назорати автоматӣ мушкили мусофирон ва кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳ хело осон гардида, амнияти парвозҳо таъмин карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста