Зимни сухани ифтитоҳӣ дар кори ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд (БИР) дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони кишварҳои узви бонкро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ ҷалб намуд.
«Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад, пеш аз ҳама, лоиҳаи CASA-1000 - хатти барқе, ки имконияти аз кишварҳои узви БИР - Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Кулма –Қароқурум мебошад», - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки лоиҳаҳои зикршуда ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо кишварҳои татбиқкунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ ба фоидаи кулли давлатҳои аъзои Гурӯҳи БИР мебошанд ва изҳори итминон кард, ки бонк дар ин замина кӯмаки худро ҷиҳати ба охир расонидани лоиҳаҳои мазкур дареғ намедорад.
Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон моҳи декбари соли 1996 ба узвияти БИР пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста