Имрӯз дар Душанбе вохӯрии навбатии 5-рӯзаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд (БИР) ба итмом мерасад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз лепартаменти иттиилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон дар қароргоҳи ҳукуматии Кохи Сомон машварати ниҳоии вохӯрии Шӯро ба анҷом расида, як қатор аснод ба имзо расиданд.
Нимаи дуюми имрӯз доир ба натоиҷи вохӯрии панҷрӯза конфроснси матбуотии муштараки раиси Шӯрои мудирон, президенти Гурӯҳи БИР ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ баргузор мешавад.
Шурӯъ аз 18-уми май дар доираи чорабиниҳои вохӯрии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе Маҷмаъи умумии кишварҳои исломӣ (FOCIC), семинар оид ба имконоти молии лоиҳаҳои БИР бо намунаҳои амалӣ, форуми ҳаштуми глобалӣ дар мавзӯи «Нақши молияи исломӣ дар рушди кишварҳои узви БИР аз Осиёи Марказӣ», ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷроияи Бунёди исломии рушд (ISFD), форуми БИР оид ба рушди ташкилотҳои ҷвавонон ва дигар чорабиниҳо доир гардиданд.
Рӯзи 21-уми май бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи расмии вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони БИР барпо шуд. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати 50 кишвари узви БИР ва намояндагон 68 ниҳодҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзиданд, ки шумори умумии иштирокчиён 732 нафарро ташкил медиҳад.
Моҳи декабри соли 1996 Тоҷикистон ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд. Айни замон дар Тоҷикистон бо ҳамкории БИР 15 лоиҳа пурра амалӣ гардида, дар доираи онҳо 64 млн. $ маблағ азхуд шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста