Портали марказии иттилооти инсайдерии ҷаҳон Business Insider мустақилона рейтинги «20 ширкати бадтарини ҳавопаймоии дунё» ( The 20 Worst Airlines In The World )-ро тартиб додааст, ки тавассути дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) ҳамлу нақл анҷом медиҳанд. Дар ин рӯйхат ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷик Эйр» бо рейтинги 43,3 балл аз 100 балли имонпазир барои дараҷаи иқтисодӣ мақоми 9-умро касб кардааст.
Зикр мегардад, ки садамаи охирини марговари ҳавопаймои ширкат соли 1997 рух дода, ҳамаи 79 нафар мусофирон ва аз 7 нафар кормандони ҳайати халабонон 6 тан ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Aviation Safety Network, ду садамаи соли 1993 ба марги беш аз 120 нафар боис гардиданд.
Дар мақоми аввали рӯйхати ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунё барои дараҷаи иқтисодӣ «Хатҳои ҳавопаймоии Туркманистон» (30,8 балл), зинаи дуюм – «Хатҳои ҳавопаймоии Судон» (33,3 балл) ва дар ҷойи сеюм – Хатҳои ҳавопаймоии байнулмилалии Украина (36,3 балл) ҷойгир шудаанд.
Зинаҳои баъдиро Uzbekistan Airways (Ӯзбекистон), Air Koryo (ширкати ҳавопаймоии Кореяи Шимолӣ), Bulgaria Air (Булғористон), ГТК "Россия" ва Iceland Express (Исландия) ишғол кардаанд. Мақоми охири даҳгонаи ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоии дунёро бо рейтинги 44,8 балл ширкати ҳавопаймоии «Syrian Air»-и Сурия касб намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста