Президенти Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон кумак ҳохад кард.
«Ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ буда, мо ба амалисозии лоиҳаҳое, ки на танҳо барои кишвар манфиатоваранд, таваҷҷуҳ дорем», - иброз дошт ӯ бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони ИБР дар Душанбе.
Президенти БИР зикр кард, ки дар Туркманистон аллакай аз ҳисоби воситаҳои худӣ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳани ин кишвар оғоз кардаанд.
«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», - афзуд Аҳмад Муҳаммад Алӣ.
Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе президенти Тҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ҷалб намуд.
Қобили зикр аст, ки 20-уми марти соли равон зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.
Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста