Ҳукуматдорони нави Покистон ба оянда аз Тоҷикистон ба кишварашон интиқол шудани барқ умедворанд.
Бино ба иттилои рӯзномаи ҳиндустонии Deccan Chronicle , нахуствазири тозаинтихоби Покистон Навоз Шариф оянда имкони аз Эрон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ интиқол шудани нерӯи барқ ба Покистонро дар назар доштааст.
Нашрия менависад, таҳқиқоти пешакии дар робита ба ин масъала дар Покистон доиргардида самаранокии воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон дар мавсими тобистонро бозгӯ кардаанд.
«Навоз Шариф баҳри ҳалли мушкилоти буҳрони энергетикӣ пешниҳодоти зиёд, аз ҷумла воридоти нерӯи барқ аз Ҳиндустонро низ мавриди баррасӣ қарор дорад» - зикр мегардад дар хабари нашрия.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли ҷорӣ намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов дар ин робита изҳор намуда буд, ки вазъи сиёсӣ дар Покистон амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000-ро бозмедорад. Дар лоиҳаи мазкур интиқоли барқи барзиёдатӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон дар мавсими тобистон дар назар аст.
Номбурда зикр карда буд, ки аз моҳи ноябри соли гузашта ҳайати Покистон дар ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ин масъала ширкат надорад ва изҳори умедворӣ намуд, ки пас аз ташкили ҳукумати нав дар ин кишвар, гурӯҳи нави кории Покистон оид ба ин лоиҳа таъсис ёфта, миёни кишварҳои иштирокчии лиҳаи CASA-1000 гуфтушунидҳои мукаммал оғоз мешаванд.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.
Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста