Кишти пунбадона дар Тоҷикистон ба итмом расида, нисбат ба соли гузашта имсол майдони кишти он ба андозаи қариб 7 ҳазор гектар коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар майдони беш аз 193 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуд.
Айни замон пунбадонаи дар майдони зиёда аз 186 ҳазор гектар (96%) киштшуда дар марҳилаи нашъунамо қарор дошта, мунтазам чораҳои агротехникӣ анҷом дода мешаванд.
Дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 128 ҳазор, вилояти Суғд – 59 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – беш аз 5,8 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт шудаанд.
Маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардид. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.
Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста