Сармушовири президент Содиқ Шоназаров дар бораи андешидани чора нисбати афроде, ки қаблан ба поймолкунии ҳуқуқи саҳҳомони ширкати «Мовароуннаҳр даст задаанд, ба намояндагони ширкат ва саҳҳомони он чизе ваъда надодааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Шоназаров дар ин робита иттилоъ дод, ӯ хеле дар тааҷҷуб аст, ки намояндагони ширкат дар ВАО чунин маълумоти носаҳеҳро интишор мекунанд.
«Рӯзи 27-уми май ман бо намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров суҳбати телефонӣ доштам ва ҳангоме ки ӯ дар бораи ба мо расидани мактуби саҳҳомони ширкат пурсид, мо посух додем, ки он дастраси мо шуда, ҳатман бо матни он шинос хоҳем шуд. Ман чизи дигаре ба онҳо на гуфтааму на чизе ваъда додаам», - иброз дошт Шоназаров.
Аммо Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, рӯзи 27-уми май зимни суҳбати телефонӣ сармушовири президент Содиқ Шоназаров ваъда додааст, ки то санаи 30-юми май нисбати афроде, ки ба поймолкунии ҳуқуқи беш аз 600 нафар саҳҳомони ширкат даст задаанд, чора хоҳад андешид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста