Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рӯзи 30-юми май дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Владивостоки Русия суханронӣ кард.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ зикр гардид, ки роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон аст.
Гул Шералӣ таъкид намуд, ки аз солҳои 1990 дар таркиби тавозуни энергетикӣ тамоюли афзоиш ёфтани ҳиссаи гидроэнергетика ва коҳиш ёфтани ҳиссаи гази моеъ ва намудҳои газҳосилкунанда бештар шуда, маҳдуд гардидани интиқоли гази табиӣ ва минбаъд қатъ шудани он ба ҷумҳурӣ, баланд будани арзиши намудҳои дигари энергетикӣ дар ҷумҳурӣ ногузир зарурати гузаштан ба нерӯи барқро ба миён овард.
Вазир ҳамчунин қайд кард, ки дар доираи сиёсати миллии энергетикӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои амнияти энергетикӣ ва истифодаи устувори энергия афзалият дода шуда, тариқи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди НБО-ҳои мавҷуда иқтидорҳои фаъоли энергетикӣ ба 1000 МВт расонида шуд.
«Бояд қайд кард, ки баистифодадиҳии иктидорҳои нави энергетикӣ барои Тоҷикистон, мунтазам зиёд кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ буда, он ба коҳиш додани норасогии энергетикӣ, ки қариб 4 млрд КВт/с-ро дар як сол ташкил медиҳад, равона карда шудааст. Ҳамзамон, дар мавсими тобистон ҳар сол нерӯи барқ дар ҳаҷми 5-7 млрд КВт/с беистифода партоб карда мешавад» - изҳор кард вазир.
Дар суханронӣ инчунин оид ба лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ, зарурати татбиқи он ибрози назар карда, иштироки ҷонибҳои манфиатдор, институтҳои молиявии байналмилалӣ дар он мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки айни замон Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки рушди исломӣ манфиатдор будани худро ҷиҳати татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.
Қобили зикр аст, ки форуми мазкур 27-уми майи соли ҷорӣ ба кори худ шуруъ намуда, 30-юми май ба итмом расид. Дар кори он беш аз 250 намояндагон аз 62 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста