Комиссияи давлатии қабули нақби «Шаҳристон» ба хулоса расид, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар нақби «Шаҳристон» аслан бо сифати хуб ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров, ҳайати комисия аз остонаи вуруд то баромад дохили нақбро санҷидаву муойина намуда, баъзе навоқисоти ҷузъиро аз қабили аломатгузориҳо, пайваст нашудани асбобу дастгоҳҳои дохили нақб бо маркази электронии идора, иваз кардани банди лӯлаи обдиҳии оташнишони сохти чиноӣ ва амсоли инҳоро ошкор намуд, ки моҳиятан ислоҳи онҳо мушкиле нахоҳад дошт.
Интизорӣ меравад, ки дар фурсати наздиктарин ин камбудиҳо бартараф шуда, Комиссияи давлатӣ иншооти мазкурро пурра қабул хоҳад кард.
Муҳлати кафолатноки истифодаи иншоот як солро ташкил дода, мутобиқи қарордод, агар дар ин муддат ягон камбудиҳо рӯйи кор яонд, онро паймонкори кулл аз ҳисоби худ бартараф хоҳад намуд.
Дар давраи муҳлати кафолатнок нақб дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор хоҳад дошт. Пас аз итмоми муҳлати какафолатнок, иншоот ба тавозуни ширкати Iinnovative road solutions (IRS) супурда хоҳад шуд, ки ба идоракунии зерсохтори роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ машғул аст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми октябри соли гузашта бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» доир гардид.
Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 22-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб ёфта, аз ҳисоби қарзи Чин дар ҳаҷми ҳудуди 80 млн. доллари ИМА бунёд гардид. Паймонкори кулли сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста