Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, амалисозии лоиҳаи барқароркунии бахши пахтакории Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Шурӯъ аз соли 2007 лоиҳа аз ҳисоби қарзи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуда, то моҳи майи соли равон беш аз 14,2 млн. доллари ИМА маблағҳои ин лоиҳа азхуд шудаанд.
«Мусоидат ба ҳукумати ҶТ дар ҳалли буҳрони марбут ба қарзҳо дар бахши пахтакорӣ, беҳбуди муҳит ва афзоиши истеҳсолнокиву даромад дар ин бахш аз ҷумаи ҳадафҳои лоиҳа аст», - зикр мекунанд дар БҶ.
Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки пас аз изҳороти 30-юми майи соли 2009 дар бораи пурра аз эътибор соқит кардани қарзҳои аксари хоҷагиҳои пахтакор, дар ин бахш пешрафти назаррас ба даст оварда шудааст. Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, ҳаҷми умумии қарзҳоие, ки беэътибор дониста шуданд, тақрибан 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
«Сарфи назар аз коҳиши нархҳои байнулмилалӣ ба нахи пахта, арзиши миёнаи пардохт ба кишоварзон аз 701 доллари ИМА-и солҳои 2010-2011 барои як тонна, солҳои 2011-2012 то 780 доллари ИМА барои як тонна (афзоиш – 11%) боло рафт», - зикр мекунанд коршиносони бонк.
Гуфта мешавад, ба ҳолати ахири моҳи декабри соли гузашта нишондиҳандаи пардохти қарзҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта ба бонкҳои тиҷоратӣ ҳамагӣ 92,6%-ро ташкил дода, вале интизорӣ меравад, ки ояндаи наздиктарин вазъ дар ин самт хубтар хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста