Дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавсими дарави зироати ғалладона оғоз гардида, баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосил, беш аз 40 комбайни ғалладарави минтақа ба ин ноҳия сафарбар шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати кишоварзии минтақа хабар дод, имсол ҳосили хуб расида, дар заминҳои лалмӣ бо як давр на камтар аз 25 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад, ки қаблан чунин ҳосилнокӣ ба мушоҳида нарасида буд.
«Бесаброна оғози дарав дар 1 гектар майдони озмоишии хоҷагии деҳқонии «Бӯстон»-и ҷамоати Деҳқон-ариқро интизорӣ дорем, зеро дар ин қитъа навъи барои ноҳия нави гандуми «Бастербай» кишт ва озмоишҳои аввал нишон доданд, ки аз он дар 1 гектар метавон аз 75 то 80 сентнер ҳосил ба даст овард», - гуфт сарчашмаи хабар.
Бино ба гуфтаи манбаъ, агар аз ин озмоиш мувафақона анҷом пазирад, ин навъи тухмии гандум дар ноҳия афзалиятнок хоҳад шуд. «Дар заминҳои обёришаванда низ ҳосил хуб парвариш ёфта, озмоишҳо гувоҳи онанд, ки то ба 55 сентнер аз як гектар расонидани ҳосил имконпазир аст», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки соли равон дар 11 ҳазору 193 гектар заминҳои ноҳияи Фархор зироати ғалладона кишт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста