Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) аз фаъолият дар моҳи майи соли равон натиҷагирӣ намуд.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, аз руи ҳисобҳои пешакӣ, дар моҳи майи соли 2013 фурудгоҳ ба 1284 рейсҳои дохилӣ ва берунӣ хизмат расонидааст. «Дар ин моҳ аз хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе 95394 мусофир истифода кардаанд, ки аз ин шумора 37008 нафар мусофири омада ва 58386 нафар мусофири рафта мебошанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Шодиев, дар хатсайрҳои маҳаллӣ, ки асосан парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ сурат мегиранд, ба 316 рейс хизмат расонида шудааст. «Адади мусофирони омада 2331 ва рафта 2175 нафаро ташкил карда, дар маҷмӯъ дар хатсайрҳои маҳаллӣ ба 4506 мусофир хизмат расонида шуд», - афзуд сухангӯи фурудгоҳ.
Қобили зикр аст, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, шумори ҳамлу нақли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Аз хизматрасониҳои ФБД солҳои 2010-1066450, 2011-1132911 ва соли 2012-1349164 мусофирон истифода кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста