Аввали ҳафтаи оянда дар маҷмааи «Душанбе-плаза» бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон конфронси минтақавӣ баргузор мегардад.
Тавре аз муассисаи мазкур хабар доданд, дар назар аст, ки тибқи натиҷаи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2011-2012 аз ҷониби Кумитаи тадорукот ғолибон эълон карда шуда ба онҳо дар ин чорабинӣ тӯҳфаҳои арзанда аз қабили Медали тиллоии Созмони умиҷаҳонии моликияти зехнӣ, Нишони фахрии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот, дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдим карда хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин чорабинӣ ба бонувон - ихтироъкорони тоҷик Боқиева Гулбаҳор ва Раҳимова Мубошира, ки ба наздикӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ баргашта буданд, мукофотҳояшон дар ҷаласаи тантанавӣ супорида хоҳад шуд.
Инчунин санаи 12 июни соли равон дар маҷлисгоҳи калони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба чорабинии зикргардида, презентатсияи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор мегардад.
Дар конфронс меҳмонон аз Идораҳои патентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар давлатҳои хориҷа ширкат хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста