Имрӯз дар вилояти Лебопи Туркманистон маросими расмии оғози сохтмони қитъаи туркманистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон баргузор шуд.
Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDN, дар маросими ботантана сарони кишварҳои Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Қабл аз иштирок дар ин маросим дар маркази маъмурии вилояти Лебоп – шаҳри Туркманобод мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон доир гардида, зикр шуд, ки роҳи оҳани мазкур барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ аҳамияти беандоза бузург дорад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми марти соли ҷорӣ зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти Туркманистон ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон ба имзо расид.
Чанде қабл дар маҷлиси ҳукумати Туркманистон президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов муҳимияти сохтмони ин роҳи оҳанро таъкид дошта, изҳор намуд, ки «ин роҳ ҳам ба манфиатҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳа ва ҳам ба ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста