Пас аз таваққуфи якрӯза имрӯз дар Душанбе маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2013» доир гардид. Ин маросим мебоист дирӯз баргузор мешуд, вале ба иллати иҷозаи вуруд надодани молу колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон дар марз, он ба таъхир афтод.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки «бо воситаҳои ғайримаъмулӣ боздошт кардани вуруди молу колои таъиншуда барои баргузории намоишгоҳи байнулмилалӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя бидуни сабабҳои ҷиддӣ ба шаъни як давлат намезебад».
Сафир ваъда дод, ки тариқи роҳу воситаҳои дипломатӣ сабабҳои боздошт ва мусодираи чанде аз колоҳои ширкатҳои эронӣ аз ҷониби гумрукчиёни ӯзбекро рӯшан хоҳад кард. «Дар ин кор ҳамраъйии тамоми кишварҳои иштирокчии намоишгоҳ ва сохторҳои давлатии Тоҷикистон зарур аст», - гуфт ӯ.
Алиасғари Шеърдӯст изҳори умедворӣ кард, ки «рӯзе фаро мерасад, ки мо ба ҳамлу нақли бемамониати молу коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсти он, ки миёни онҳо Эрон низ ҳаст, шоҳид хоҳем буд».
Роҳбари ширкати эронии намоишгоҳии «Роҳи рушди Осиё» Муҳаммад Умронӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз интизории серӯза дар марз гумрукчиёни ӯзбек муддати як рӯз молу колои онҳоро мавриди тафтиш қарор додааанд. «Чунин амалҳои кишвари ҳамсоя минбаъд аксари ширкатҳоро водор месозад, ки қабл аз вуруди маҳсулоташон ба Тоҷикистон ба андеша бираванд», - гуфт ӯ.
Чанде аз намояндагони ширкатҳои эронӣ иброз доштанд, ки пас аз санҷиш маҳсулоти аксари ширкатҳо осеб дидаву мусодира ва ё бе ному нишон гум шуданд. «Мо дар намоишгоҳҳои кишварҳои зиёди ҷаҳон ширкат варзидем, вале бори нахуст бо чунин вазъи бесарусомониву гӯшношунид дучор омадем», - иброз доштанд онҳо.
Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳ дар баробари ширкатҳои ватанӣ 50 ширкати эронӣ ва ҳамчунин корхонаҳои Лаҳистону Чин иштирок доранд. Намоишгоҳ санаи 8-уми июн ба кори худ анҷом мебахшад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста