Сохтмони терминали нав барои мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28уми ноябри соли соли 2012 ба сохтмони терминал шурӯъ кард. «Айни ҳол корҳои вобаста ба бетонрезӣї пурра ба итмом расида, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад ва аз моҳи июл васли шабакаҳои муҳандисӣ-техникӣ оғоз мегардад», - иброз дошт сухангӯи ФБД.
Ба қавли номбурда, дар назар аст, ки терминали нав то охири соли 2014 ба истифода дода шавад.
Хотиррасон мекунем, ки терминали нав дар асоси қарордод миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса сохта мешавад. Маблағи умуми сохтмон 39 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он 20 млн.-ро фурудгоҳи Душанбе ва 19 млн.-ро ҷониби Фаронса маблағгузорӣ мекунанд.
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 аз ҷониби фурудгоҳи мазкур ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста