Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки исломии рушд (БИР) маблағгузории амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шумориданд. Дар ин бора мушовири мудири кулли ҶСК «Шабакаҳои миллии барқии Қирғизистон» Леонид Попов хабар додааст.
Дар мусоҳиба ба хабаргузории КирТаг номбурда изҳор намудааст, ки зимни иҷлосияи ҳамасолаи Бонки исломии рушд дар Душанбе мададрасонҳои байнулмилалӣ дар симои БИР ва БҶ маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкурро ба таври ниҳоӣ тасдиқ намудаанд. «Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳияи тарҳи фаннниву иқтисодии лоиҳаро маблағгузорӣ карда, ба сифати нозир дар лоиҳа боқӣ мемонад», - иброз доштааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл як мансабдори воломақоми ҳукумати Покистон нашрияи покистонии The Express Tribune хабар дода буд, ки БОР тасмим гирифтааст, ки аз иштирок дар амалисозии лоиҳаи рушди савдои электроэнергия дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) даст кашад. Сабаби он таҳдидҳои ноамнӣ ба Афғонистон унвон шуда буд.
Қобили зикр аст, ки қаблан БОР ба сифати яке аз сармоягузорони асосии ин лоиҳа маҳсуб меёфт, вале соли гузашта бонк ба худдорӣ аз иштирок дар чорабиниҳои оид ба масоиили мамалисозии лоиҳа оғоз намуд.
Дар лоиҳаи мазкур сохтмони хатти баландшиддати барқ ва роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста