Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбари идораи Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир (DFID) оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Боб Леверингтон ҷараёни ҳамкориҳои байниҳукуматиии ҷонибҳо ва имкониятҳои минбаъд вусъат додани он баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, Давлаталӣ Саидов иброз дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманди Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир дар риштаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷумла идоракунии давлатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагидорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, тандурустӣ баҳои баланд медиҳад.
Изҳори назар карда шуд, ки дар доираи лоиҳа Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ харитаи кўмаки беруна таъсис дода шуд, ки ин раванд имконият медиҳад, барои иттилои саривақтӣ ва тақсими кўмаки беруна ба бахшҳо ва минтақаҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки дар режми онлайнӣ тамоми маълумотҳоро доир ба кўмаки беруна саривақт дар намуди ҳисоботҳо диаграммаҳо ва фазои ҳолати кўмаки беруна дар Тоҷикистон муайян карда шавад.
Ҷаноби Боб Леверингтон оид ба татбиқи барномаҳои Вазорати рушди Байналмиллалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 –ум иттилоъ дод.
Ҷонибҳо ҷиҳати давом додани ҳамкории зич ва амалӣ намудани қадамҳои мушаххас барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба омодагии худро баён намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста