Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Чормағзак» мувофиқи ҷадвали нақшаи асосӣ амалӣ шуда истодаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар қисми шимолии вуруди нақб корҳои бетонрезӣ идома ёфта, дар самти ҷануб ба анҷом расидаанд.
«Нақбсозон мунтазири омада расидани беш аз 100 тонна бору ҷиҳози нақб, аз ҷумла ноқилҳои пӯшидаи барқ, трансформаторҳо ва ғайра мебошанд, ки бояд аз корхонаҳои тавлидотии шаҳри Қошқари Чин дастрас шаванд», - иттилоъ медиҳад вазорат.
Ба иттилои манбаъ, бо ворид шудани ин таҷҳизот кори васл кардани онҳо бо суръати дучанд тезонида шуда, кори рангубор дар баъзе ҷойҳо ва қиррезию андоваи сементии дохили нақб то моҳи август идома хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» моҳи сентябри соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолият ба нақша гирифта шудааст.
Арзиши умумии лоиҳи мазкур тақрибан 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, амалисозии он 15-уми марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сурат гирифта, паймонкори кулли лоиҳа ширкати чинии China Road аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста