Рӯзи чоршанбе, 12-уми июн дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) дар ҶТ хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ ширкат хоҳанд варзид.
Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон» як ниҳоди комилан нав дар бозори мамлакат аст, ки аз ҷониби бонкҳои Тоҷикистон бо ҷалби бузургтарин дар Аврупо Бюрои қарзии «КРИФ» ба сифати саҳмдор бунёд шудааст.
Фаъолияти Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон» ба таҳкими зербинои молиявии ҷумҳурӣ тавассути рушди низоми табодули маълумоти қарзӣ дар кишвар дар сатҳи байнулмилалӣ имкони мусоид фароҳам меоварад.
Дар таъсиси Бюрои қарзӣ-иттилотии «Тоҷикистон», ки бар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таърихи қарз» 12-уми декабри соли 2012 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гирифт, дар доираи лоиҳаи ACAFI (Лоиҳа оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ мусоидат намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста