Тӯли 10 соли наздик бар асари коҳиши суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, захоири табиӣ ва заминҳои мусоиди корам дар саросари сайёра, нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш ё баланд боқӣ мемонанд.
Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита зикр мегардад, ки дар ин давра суръати афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 1,5%-ро ташкил хоҳад дод. Давоми солҳои аз 2003 то 2012 ин нишондиҳанда ба 2,1% дар як сол баробар буд.
«Нархҳои баланд омили афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ буда, моро зарур аст, ки тамоми кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем, то ки фермерони камбизоат аз афзоиши нарх бурд кунанд ва аз хотир набарорем, ки 70%-и аҳолии ҷаҳон, ки ба камбуди ғизо ниёзманданд, дар манотиқи деҳот зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо фермерони камбизоат мебошанд», - иброз доштааст директори генералии ФАО Жозе Гратсиану да Силва.
Дар гузориш ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари афзоиши аҳолӣ, болоравии даромад, ба шаҳрҳо майл кардани аксари аҳолӣ ва тағйир ёфтани таркиби ғизо, истеъмоли зироатҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ бештар дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Амриоки Лотинӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста