Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои 5 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзуда, тибқи ин нишондиҳанда Қирғизистон аз Русияву Туркманистон пеш гузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 144 ҳазору 594 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазор тонна камтар аст.
Нархи миёна барои 1 тонна маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 88 $ поин рафта, 1 ҳазору 80 долллари ИМА-ро ташкил додааст. «Коҳиши нархи миёна аз ҳисоби воридот аз Кирғизистон сурат мегирад», - зикр карданд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 39,2% ё худ 56 ҳазору 711 тонна сӯзишворӣ аз Қирғизистон таҳвил шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазору 172 тонна бештар аст. Нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон 899 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар ин давра аз Русия 55 ҳазору 895 тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 37 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Ҳиссаи Русия дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 38,6% ва нархи миёнаи 1 тонна сӯзишворӣ 1 ҳазору 269 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар зарфи 5 моҳ аз Туркманистон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 338 ҳазор доллари ИМА барои 1 тонна 15,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ (ҳисса дар таркиби воридот – 11,1%) ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 ҳазор тонна камтар аст.
Соли равон аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 770 доллари ИМА барои 1 тонна 6 ҳазору 330 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба панҷ моҳи аввали соли гузашта 1 ҳазору 835 тонна камтар аст. Ҳиссаи Қазоқистон дар ҳаҷми умумии воридот 4,4%-ро ташкил дод.
Имсол аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 916 доллари ИМА барои 1 тонна 239 тонна (0,2%) маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 тонна зиёдтар аст. Каме бештар аз 10%-и маводи сӯзишворӣ аз кишварҳои дигар таҳвил шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста