Дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 72,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,6 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, моҳи май ҳаҷми воридоти гази моеъ 13,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи апрели соли ҷорӣ 2,5 ҳазор тонна камтар мебошад.
«Нархи миёнаи 1 тонна гази моеъи воридотӣ дар соли равон 604 доллари ИМА-ро ташкил дод ва коҳиши нарх ба назар мерасад, зеро нархи миёна дар соли 2012 ба 660 доллари ИМА баробар буд», - гуфтанд дар вазорат.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тонна гази моеъ таҳвил дода шуда буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 28,2 тонна бештар аст.
Имрӯз ҳудуди 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд ва ҳаҷми воридоти он аз аввали соли 2012, ҳангоме ки арзиши бензин дар Тоҷикистон ба 1,5 доллари ИМА барои 1 литр расид, ба таври қобили мулоҳиза афзудан гирифт, зеро қимати гази моеъ бамаротиб пасттар аст.
Дар Тоҷикистон ба воридоту фурӯши гази моеъ як қатор ширкатҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо «Тоҷирон», «Фароз», «Зет газ», «Газпромнефт – Тоҷикистон»" ва «Муҳаммад Пӯлод» мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста