Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ»-ро дастгирӣ намуданд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов изҳор намуд, ки тағйироти пешниҳодшуда ба аудиторон ҷиҳати баргузор намудани аудити берунӣ дар мавриди санҷиши истифодаи воситаҳои буҷетӣ ҳуқуқ медиҳанд.
«Ғайр аз ин, аудиторон ба доир намудани санҷиш дар муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дастгирӣ мешаванд, низ ҳуқуқ прайдо мекунанд», - таъкид кард Давлатов.
Қобили зикр аст, ки мақоми олии давлатӣ дар соҳаи назорати молия – Палатаи ҳисоби ҶТ тобистони соли 2011 таъсис дода шуд. Палатаи ҳисоб ба сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ аст.
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба муҳлати ҳафт сол таъин шуда, як нафар ҳуқуқ надорад, ки бештар аз ду мӯҳлат ба ин мансаб таъин гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста