Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Хазинаи Оғохони ИМА ва ширкати «Помир Энерҷӣ» дар маросими расмии ифтитоҳи хатҳои нави интиқоли барқ ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, хатҳои нави интиқоли барқ боиси афзоиши интиқоли фаромарзии нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гашта, талаботи аҳолии вулусволии (ноҳияи) Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо барқ қонеъ мегардонад. USAID тасмим гирифтааст, ки тавассути барномаи минтақавии таъмини амнияти энерҷӣ, самаранокӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ (RESET), барои афзоиш додани хатҳои фаромарзии интиқоли барқ ба деҳаи Виёди вулусволии (ноҳияи) Шуғнон ва ду деҳаи хурди Саричашмаи Афғонистон – Тижмой ва Пидруд, 785 ҳазор доллари ИМА-ро ҷудо намояд.
«Вусъат ёфтани дастрасӣ ба нерӯи барқ дар минтақа боиси афзудани ҳаҷми тиҷорат дар бозорҳои маҳаллӣ гардида, ба рушди корхонаҳои нави хурд ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат дар маҳалҳо мусоидат хоҳад кард. Барномаи мазкур дар асоси рушди мусбати сармоягузориҳои ғайраи мувозӣ барои бунёди пулҳо, бозорҳо ва роҳҳои пайвандӣ амалӣ мешавад»- қайд намуд хонум Кейти Макдоналд, Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳ.
Барномаи USAID оид ба амнияти минтақавии энерҷӣ, самаранокӣ ва тиҷорат (RESET) яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки амалӣ гаштани он бо шарофати кӯмакҳои мардуми ИМА тавассути USAID имконпазир гашт. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА кӯмак расонид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста