Дар маросими баимзорасии Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Кӯлоб Петролиум Лимитед бо ҳайати намояндагони ширкатҳои Тетис Петролиум Лимитед, CNPC ва Total дар Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор намуд, ки гуфтушунидҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон оид ба таҳвили гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.
Ба қавли вазир, гуфтушунидҳо ҳам хаттиву ҳам шифоҳӣ сурат гирифта, вале ҳалношуда боқӣ монданд. Сабаби ҳалношуда боқӣ монданро вазир шарҳ надода, аз идома ёфтани гуфтушунидҳо низ маълумоте надод.
«Мо ба он муваффақ шудем, ки аксари корхонаҳои бо истифода аз газ фаъолиятдоштаро ба истифодаи ангишт гузаронем ва айни замон шумори чунин корхонаҳо 162 ададро ташкил медиҳанд», - иброз дошт ӯ.
Дар робита ба масъалаи ба рухсатии меҳнатии бемуҳлат фиристода шудани кормандони «Тоҷиктрансгаз», вазир тасдиқ намуд, ки беш аз 50%-и кормандони корхонаи мазкур ба рухсатӣ фиристода шуда, дар сурати муваффақона анҷом ёфтани гуфтушунидҳо бо Ӯзбекистон, онҳо ба ҷойҳои кории худ бармегарданд.
Дар ҳамин ҳол, аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамоми кормандони корхона ҳатто бо шумули раҳбарият низ ба рухсатӣ баромадаанд, зеро кор нест.
«Барои коршоямии лӯлаи газ, мо барои нигоҳ доштани фишор дар он кӯшиш дорем, вале дар сатҳи корхонаҳо гуфтушунид бурда намешавад, зеро ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд», - зикр кард як корманди корхона.
Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.
Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста