Бо дастгирӣ ва ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар Туркия рӯзҳои 17- 19 июни соли 2013 намояндагони ширкати турки «Гурӯҳи Вендека» бо роҳбарии Бақӣ Куран аз шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди сафорати Тоҷикистон дар Туркия Субҳон Қурбонов хабар дод, гурӯҳи Вендека дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати ҳамкории муштарак фаъолият дорад. Вендека дар 11 соли фаъолият бо кормандони соҳибтаҷриба дар соҳаҳои энерҷӣ ва ҳарбӣ, дар дохил ва хориҷи кишвар бо ширкатиҳо давлатӣ ва хусусӣ ҳамкорӣ менамояд.
Гурӯҳи Вендека бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Палатаи саноат ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои таҷҳизотҳои илмии Вендека, телекомминикатсияҳои симдор ва бесим, шабеҳсозӣ (симилатор), IT, саноатӣ, телекоммуникатсия, насби таҷҳизотҳо дар нуқтаҳои пулҷамъкунии роҳҳои пулакӣ, насби видеокамераҳо ва сабти қонунвайронкуниҳо дар роҳҳо ва насби таҷҳизотҳо барои сарфакории қувваи барқ мубодилаи афкор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Гурӯҳи Вендека ҷиҳати иштирок дар лоиҳаи насби таҷҳизот дар роҳи пулакии Душанбе - Чанак пешниҳоди худро ирсол намудааст. Бақӣ Куран ёдрас шуд, ки дар рӯзҳои наздик намояндагии ширкатро дар Душанбе ифтитоҳ менамояд.
Гурӯҳи Вендека соли 2002 таъсис ёфта, дар Анқара 8 марказ, шаҳри Тайпей (Тайван), Манила (Филиппин) ва Косова, яъне бо 11 марказ фаъолият мекунад. Фаъолиятҳои лоиҳавӣ ва илмию тадқиқотии худро дар Марказҳои Вендека дар Билкент Киберпарк (Анқара) ва Ҳаҷеттепе Текнокент (Анқара) ба роҳ гузоштааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста