ҶСК «Ориёнбонк» ҳаҷми қарзи ширкати «Мовароуннаҳр»-ро то 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ афзуда, барои пардохти қарз иншооти ба сифати гарав гузоштаи ширкатро фурӯхтанист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи вакодатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, соли 2009 барои сохтмони иншооти истиқоматӣ ширкат аз бонк беш аз 11 млн. сомонӣ қарз гирифта, иншооти ғайриманқул ба ҳамин миқдор маблағро ба гарав гузоштааст.
«Соли 2011 аз ҳисоби фурӯши манзилҳои ширкат дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ва манзили роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов ва боз якчанд автомашинаҳои тамғаи хориҷӣ қисми зиёди қарз пардохта шуда, иншооти истикоматӣ аз гарав озод шуданд», - мегӯяд намояндаи ваколатдори саҳҳомон.
Ба қавли ӯ, ҳангоми ба ҳабс гирифтани Охунов ширкат ба «Ориёнбонк» ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ қарздор буд, вале 17-уми июни соли равон аз номи муовини аввали раиси бонк Шуҳрат Исматуллоев ба унвони ширкат нома расида, дар он зикр мегардад, ки имрӯз қарзи ширкат дар назди бонк 4 млн. 990 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Ман бар ин назарам, ки маблағи қарз аз ҳисоби фоизҳои солона зиёд шудааст, ҳарчанд онҳо ба талаб кардани фоизҳо ҳуқуқ надоранд, зеро пас аз боздошти Охунов иншооти ширкат аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳти ҳабс қарор дода шуда, ҳамчунин анҷом додани ягон муомилот бо амвол манъ гардида буд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби фурӯши иншоот ширкат ба бонк қарзро баргардонида наметавонист. Ин нукта дар Кодекси шаҳрванди Тоҷикистон низ зикр шудааст», - гуфт Ёров.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки имрӯз ширкат ба баргардонидани танҳо 2 млн. 400 ҳазор сомонии қарз омода буда, ба пардохти маблағи зиёд қодир нест.
«Гап сари он аст, ки бо такя ба қодир набудани мо ба пардохти 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ, бонк тасмим мегирад, ки амволи боқимондаи гаравгузоштаи ширкатро фурӯшад. Онҳо ба ин амал қодиранд, зеро вақте ахири моҳи гузашта тамоми иншооти ширкати «Мовароуннаҳр» аз ҳабс озод шуданд, бонк амволи боқимондаи таҳти гарав гузоштаи ширкатро ба тавозуни худ гузаронид», - иброз дошт Ёров.
Адвокат ҳамчунин илова намуд, ки айни замон як қароргоҳи ширкат бо техникаи зиёди сохтмонӣ, таҷҳизоти истеҳсоли бетон ва майдони сохтмони 1,9 гектар дар ихтиёри бонк қарор дорад. «Бо назардошти ин, ширкат намояндагони бонкро ба гуфтушуниди созанда даъват намуд, вале аз бонк ҳоло посух нарасидааст», - афзуд Б.Ёров.
Дар ҳамин ҳол, дар «Ориёнбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» ирсоли нома ба мазмуни зикршударо тасдиқ намуда, аммо бо баҳонаи дар сафари корӣ қарор доштани муовини аввали раиси бонк Шуҳрат Исматуллоев, аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳ дар ин масъала худдорӣ варзиданд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста