Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе даври дуюми даравидани алаф шурӯъ шуд. Майдони умумии алафҳо 110 га- ро ташкил медиҳад.
Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммаюсуф Шодиев хабар дод, кормандони хадамоти аэродром ва хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ даври аввали дарави алафро анҷом дода, ҳамакнун ба дарави дуюм шурӯъ карданд.
Муҳандиси пешбари хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов иброз дошт, ки алафи майдони фурудгоҳ ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо даравида мешавад. «Саривақт ва хушсифат даравидани алаф имкон медиҳад, ки паррандагон фурсати лонагузорӣ наёбанд, ғӯраи алаф нарезад, то паррандагон ҷалб нашаванд. Дар сурати дар ҳудуди фурудгоҳ ҳамъ шудани паррандагон, эҳтимолияти бархӯрд бо ҳавопаймоҳо зиёд мешавад», - иброз дошт А. Абдухолиқов.
Фурудгоҳ ҳамасола воситаҳои гуногуни аз ҳисоби фаъолияти ғайриавиатсионӣ пур кардани хазинаро ҷустуҷӯ менамояд ва як омили он ба фурӯш баровардани алафи даравидашуда аст. То имрӯз алафи даравидашуда қисман ба кормандони фурудгоҳ ва асосан ба хоҳагии деҳқонии «Сабзикор»-и ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта шуд. Хоҷагии деҳқонии «Сабзикор» то имрӯз аз ҳисоби фурудгоҳ 91 тележка алаф захира намудааст.
Дар мавсими алафдаравӣ аз 6 трактор, 5 комбайни алафдарави КИР-1,5 ва 7 тележка истифода бурда мешавад.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз калонтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста