Давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи «Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС): Дар заминаи тиҷорат» имрӯз, 25-уми июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дод, давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ менамояд.
Дар ин чорабинӣ мушовирони байнулмилалии МТБ Шиям Кумар Гуҷадур ва Эдил Калашев намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо Созишномаи СТҶ доир ба СФС шинос хоҳанд кард. Ҷаноби Гуҷадур мегӯяд, ҳадафи асосии давраи омӯзишии мазкур «боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатӣ аз чораҳои СТҶ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байнулмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, иштироккунандагон аз тадбирҳои СТҶ дар коҳиш додани чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, ки боиси монеагузории беасос ва бемаврид мегардад, огаҳ хоҳанд шуд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар Созишномаи СТҶ доир ба СФС расман ворид шудаанд ва мавзӯъи асосии сӯҳбатҳо дар давраи омӯзишӣ низ ҳамин хоҳад буд. Иштироккунандагони давраи омӯзишӣ ҳамчунин роҳҳои ҳамкорӣ бо истифода аз Созишномаи СТҶ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротиро баҳс хоҳанд кард».
Иштирокдорони ин давраи омӯзишӣ бо асосҳо ва қоидаҳои бунёдии Созишномаи СТҶ доир ба СФС, созмонҳое, ки дар мувофиқа бо ин Созишнома меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия мекунанд, истифодаи амалии Созишнома ва мавзӯъҳои дигар шинос хоҳанд шуд.
Соли гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳаи МТБ як давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи Созишномаи СТҶ доир ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) барои бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баргузор шуда буд ва имрӯз, дар давраи омӯзишии нав бо тафовутҳои миёни чораҳои марбут ба СФС ва чораҳои марбут ба ТБТ ошноӣ пайдо хоҳанд кард.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста