Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло Ассақр иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: «бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳ ва мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем».
Президенти кишвар имконоти васею мусоиди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти рӯй ба рушди Тоҷҷикистонро бевосита муаррифӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи кувайтиро ба роҳандозии робитаҳои судбахш бо кишвари мо ташвиқ намуд.
Аз соҳибкорони кувайтӣ даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон дастаҷамъона сафар карда, бо имконоту шароити ҳамкорӣ бевосита шинос шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди шиносоии наздик бо табиати биҳиштосо ва имконоти фарохи ҳамкорӣ дар дили ҳар як соҳибкори кувайтӣ хоҳиши ба роҳ мондани робитаҳои судбахш бештар мегардад.
Дар охири қисмати ифтитоҳии форум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди дигар миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил гардид.
Тавре аён гардид, соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ ба соҳаҳои гидроэнегетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста