Дар ҷараёни сафар ба Давлати Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал Бадрро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз ҷалбгардида 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.
Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Абдулваҳҳоб ал Бадр омодагии Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабро, аз ҷумла ба сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои нерӯгоҳи Бойғозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави Шӯроб, Нуробод 1, Нуробод 2 ва дигар лоиҳаҳои зербиноӣ таъкид дошт.
Хотиррасон бояд намуд, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста