Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайид Саидов 2 июл ба радиои Озодӣ хабар додааст, ки ширкати «Тоҷиксохтмон байналмилал» аз болои қарори кормандони Кумитаи андоз дар мавриди бастани ҷарима дар ҳаҷми 16 млн. сомонӣ шикоят кардаст.
«Мутобиқи қонун Кумитаи андоз бояд дар давоми як моҳ ба шикоят посух диҳад, ки оё ин қарор бозбинӣ мешавад ё на. Бо такя ба посухи кумита мо ҳуқуқ дорем, ки пасон ба додгоҳ муроҷиат намоем»,- баён дошт вакили дифоъ.
Вакили дифоъ тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат Кумитаи андоз ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал»-ро бо эҳтимоли пинҳон доштани андоз дар ҳаҷми 15,8 млн. сомонӣ (баробар ба $3,3 млн.) ҷарима карданист.
Аммо ба гуфтаи роҳбари сарраёсати КА ҶТ Саидаҳтам Абдуллоев, санҷиши фаъолияти корхонаҳои ба Зайид Саид тааллуқдошта хотима наёфтаан ва танҳо баъд аз анҷоми он қарор қабул карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ҷарима баста мешавад. Моҳи майи соли ҷорӣ Кумита дар сомонаи расмиаш иттиллоъ дода буд, ки моликияти тоҷири муваффақ ва наздикони ӯ 13 корхонаро ташкил медиҳад.
«Тоҷиксохтмон байналмилал» ширкати шӯҳратёфтаи сохтмонӣ буда, лоиҳаҳои «Душанбе плаза», «Пойтахт-80», маркази тиҷоратии «Пойтахт», маркази тиҷоратии «Соҳибкорон» ва тарҳи хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе аз корҳои анҷомдодаи ин ширкат ба ҳисоб мераванд.
Фахриддин Зокиров иттиллоъ додааст, ки бо Зайд Саид дар ҳузури намояндагони тафтишот 28 июн мулоқот дошта, то имрӯз дигар имконияти вохӯриро бо ӯ надошт.
«Барои мо ҳама вақт ваъда медиҳанд, ки вохӯрии мо баргузор мешавад, аммо натиҷа баръакс аст. Дар ин маврид ҳам роҳбари гурӯхи тафтишотӣ Холмуродов ва ҳам муовини роҳбари Оҷонсии зидди фасод Милопар Бандишоев андешаҳояшонро баён доштанд. Онҳо мегӯянд, кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи мо ва Зайд Шерович риоя карда шавад, аммо то ба ҳол мо имконияти вохӯриро бо зерҳимояамон надорем»,-иброз дошт Зокиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста