Бо фарорасии моҳи Рамазон тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи як қатор маводи х ӯ роквор ӣ дар бозорҳо арзон карда шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» ин мавз ӯ ъро пайгир ӣ кард, ки оё воқеан ҳам чунин аст?
Пурсиш дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нархҳои баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ, ба мисли сабзӣ, пиёз, картошка, орд ва равған дарвоқеъ поин рафтаанд. Аммо, ба гуфтаи мусоҳибон, ба ин нарх маҳсулоти начандон хушсифатро метавон харидорӣ кард, аз ҷумла, гӯшти арзон бештар аз устухону чарбу иборат аст.
AP-Vox-Pop from Asia-Plus on Vimeo .
Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8-уми июл дар давоми моҳи шарифи Рамазон ба фурӯш баровардани маводи асосии истеъмолӣ бо нархҳои зерин пешбинӣ гардидааст: гӯшти гов то 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 30 сомонӣ, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6 сомонӣ, картошка то 1,5 сомонӣ, бехпиёз то 65 дирам, сабзӣ то 1,6 сомонӣ, шакар то 4,2 сомонӣ, равғани рустанӣ то 7,5 сомонӣ, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 5о дирам барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм.
Шаҳрдорӣ ҳамчунин аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки ба маъмурияти шаҳр дар мавриди назорати риоя шудани нархгузории мазкур дар бозорҳо мусоидат намоянд ва оид ба ҳамаи далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ тавассути торнамоҳои www.dushanbe.tj , www.mometavonem.tj , www.bemiyonaravho.tj ва имайли [email protected] муроҷиат кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста