Ҳудуди 40 нафар кормандони терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), асосан ҳайати шахсии хидматгузор аз давраи озмоишӣ нагузашта, аз кор озод карда шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари директори Asian Express Terminal Зуҳро Қӯзибоева хабар дод, аз оғози фаъолияти терминали нав тамоми кормандон бо шарти муҳлати озмоишӣ ба кор қабул шуда, сарфи назар аз соҳиби сертификат будан, зимни машғулиятҳои баъдӣ ба онҳо фаҳмонида мешуд, ки ба ҳамаи мизоҷон, қатъи назар аз дороиву нодорӣ, дар сатҳи ягонаи ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ хизматгузорӣ карда шавад ва аз ин рӯ, на ҳама аз санҷиши навбатӣ гузаштаанд.
Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ 38 нафар аз ҳисоби ҳайати шахсии хидматгузор, аз ҷумла ронандагону стюардессаҳо аз кор озод карда шудаанд. «Айни замон шумори кормандони терминал 195 нафарро ташкил медиҳад», - гуфт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), пас аз таъмиру таҷдид ҳусни оғоз бахшид. Терминал ба ширкати «Asian Express Airline» мутааллиқ аст. Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобусҳои мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ, 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидашудаи истеҳсоли хориҷӣ ворид карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки автобусҳо дорои 49 ҷойи нишаст буда, дар пеши ҳар курсии ҷойи нишаст монитори бо Интернет насбшуда гузошта шудааст. Ҳамчунин автобус дорои яхдон, мизу курсӣ буда, дар бағочи он то 3,5 тонна бор ҷойгир карда мешавад. Стюардессаҳо ба мусофирон қаҳваву чой пешкаш карда метавонанд.
«Asian Express Airline» ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии мусофирон ва бору маҳсулот машғул аст. Иқтисодчӣ ва тоҷир Суҳроб Оймаҳмадов мудири кулли ширкат аст. Ширкат соли 2007 таъсис дода шуда, айни замон соҳиби 100%-и саҳмияҳои Терминали мусофиркашонии Душанбе аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста