Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба 3431 адад рейсҳои доимӣ, 358 ҳазору 339 нафар мусофири рафта ва ба 242 ҳазору 088 мусофири омада хизмат расонида шудааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти фурудгоҳ, дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи қабулкарда ва интиқолдода 1345 тоннаю 675 кг-ро ташкил кардааст.
«Дар давраи ҳисоботӣ хадамот ва шӯъбаҳои фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайяншуда амал намуда, амнияти авиатсионӣ, амнияти мусофирон, бор ва бағочро пурра таъмин ва мутобиқи талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоч, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд», - зикр мегардад дар маълумотномаи фурудгоҳ..
Гуфта мешавад, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, беҳтар ва пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, пурзӯр кардани назорат нисбати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави ҷумҳурӣ ва сарфаю сариштакорӣ афзалиятҳои асосии рушди фурудгоҳи Душанбе ба ҳисоб мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста