Зимни нишасти хабарии рӯзи 15-уми июл раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова изҳор намуд, ки дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастрасӣ ба нафақа тавассути кортҳои плостикӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба қавли вай, айни замон беш аз 255 ҳазор нафар нафақахӯрон аз чунин кортҳо истифода намуда, то ахири сол ҳудуди 300 ҳазор нафар нафақахӯрони ҷумҳурӣ ройгон бо кортҳои плостикӣ барои дастрасӣ ба нафақа таъмин карда мешаванд.
«Дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ пардохти нафақа тариқи кортҳои плостикӣ бинобар сабаби мавҷуд набудани зербинои зарурӣ мушкил аст, масалан зимистон дар баъзе манотиқ камбуди нерӯи барқ ба мушоҳида мерасад, ки бидуни он банкоматҳо фаъолият карда наметавонанд», - иброз дошт Ҳасанова.
Раиси «Амонатбонк» зикр кард, ки феълан дар саросари кишвар 61 адад банкомат ва 208 адад пост-терминалҳои бонк амал мекунанд.
«Имрӯз дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 623 ҳазор нафақахӯрон ба сар мебаранд, ки ба ин шумор ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам нафақахӯрони дигар шомиланд», - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид дошт, ки ҳар моҳ барои пардохти нафақапулӣ 123 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мешавад, ки 10 млн. сомонии он ба нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мансуб аст. Ҳадди ақали ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ айни замон 150 сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста