Ҳаракати нақлиёт тавассути қисмати ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май баста шуда буд, аввали моҳи август барқарор карда мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, аз аввали моҳи август ҳаракати нақлиёт тариқи қисмати азнавсохтаи ҷанубии пул сурат гирифта, дар як вақт корҳои таҷдиди қисмати шимолии пул шурӯъ мегарданд, ки он ҳам муддати ду моҳ идома хоҳад ёфт.
«Барои таъмир ва азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои вуруд ба он аз буҷети пойтахт 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шуд», - иброз дошт вай.
Ба қавли Мирзоев, ҷиҳати суръатбахшии бештар ба корҳои азнавсозии роҳу пулҳои пойтахт иншооти кӯҳнаи коммуникатсионӣ монеъа эҷод месозанд, ки маъмулан зери роҳҳо сохта шудаанд.
«Дар масъалаи маблағгузорӣ ва таъминот бо масолеҳи сохтмон бинокорони роҳу пулҳо ҳеҷ мушкилие надоранд», - зикр кард намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ.
Номбурда изҳори итминон кард, ки корҳои таъмир ва азнавсозии аксари роҳҳои мошингради пойтахт бо наздикшавии таҷлили ҷашни солгарди навбатии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом хоҳанд расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста