Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,3 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол 612,3 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 8,6% ё худ 57,5 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. 915 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,7% ё худ 153 млн. $ зиёдтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 436 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – каме бештар аз 330 млн. $, Туркия – ҳудуди 305 млн. $ ва Чин – беш аз 274 млн. $-ро ташкил дод.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста