- Дар масъалаи содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Қирғизистон пешсаф мешавад ва ҳамагон ба хубӣ огаҳанд, ки он аз ҳисоби дубора ба кишвари мо содирот кардани маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон аз Русия воридшуда сурат мегирад - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов.
Раҳматов зикр кард, ки то соли 2011 воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилгардро тасаввур кардан душвор буд, «зеро тамоми воридот тариқи роҳи оҳан анҷом дода мешуд».
«Пас аз ҷорӣ сохтани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аз ҷониби Русия, қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз шуд, зеро маводи сӯхт дар он ҷо бамаротиб аз мо арзонтар аст», - гуфт дар шарҳи ин масъала Раҳматов.
Муовини сардори Хадамоти гумрук таъкид намуд, ки барои пешгирии қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон гумрукчиёни тоҷик чораву тадбирҳои зиёде рӯйи даст мегиранд ва барасмиятдарории гумрукии 2,5 ҳазор адад автомашина бо 74 ҳазор тонна бензину соляркаро дар нимсолаи аввали соли равон мисол овард.
«Соле пештар ин мавод тавассути қочоқ ворид мешуд ва ба туфайли барасмиятдарории гумрукӣ, ба буҷети кишвар ҳудуди 70 млн. сомонӣ (тақрибан 15 млн. $) маблағ ворид гардид», - зикр кард ӯ.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста