Зимни нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Суюнхон Рустамов изҳор намуд, ки майдони кишти пунбадона дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад, зеро бахши кишоварзии кишвар ба парвариши зироати навъҳои ҳархела мутобиқ гардонида мешавад.
«Яке аз сабабҳо поинравии нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Агар солҳои 2009-2010 нархи як тонна нахи пахта 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод, пас имрӯз он то 1 ҳазору 700 доллари ИМА поин рафтааст. Айни замон пахта бо ҳамин нарх фурӯхта шуда, дар он пардохтҳои андоз ва хароҷоти ҳамлу нақл ба инобат гирифта нашудаанд», - шарҳ дод номбурда.
Рустамов гуфт, коҳиши майдони кишти пахта маънои онро надорад, ки Тоҷикистон комилан аз парвариши пунбадона даст мекашад, зеро он зироати стратегӣ барои ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати кашфу парвариши навъҳои нави пунбадона, ки дар майдони кишти начандон бузург ҳосили зиёд медиҳанд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд.
«Тайи 2 соли ахир майдони кишти пунбадона аз 200 ҳазор то ба 191 ҳазор гектар кам шуданд. Дар Тоҷикистон заминҳои кишт начандон зиёд буда, ҳарчанд ҳамасола 1,5 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шаванд ҳам, ин нокофист», - гуфт ӯ ва зикр намуд, ки муддати 6-7 соли ахир Вазорати кишоварзӣ ба масъалаи интихоби кишти навъи маҳсулот аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дахолат накардааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар ба маблағи умумии 3 млрд. 845,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,1% зиёдтар аст. Суръати афзоиш дар бахшҳои рустанипарвариву чорводорӣ мутаносибан 18,3 ва 6,2%-ро ташкил додаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста