- Созишномаи ҷудо кардани қарз аз ҷониби Чин барои сохтмони қисмати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (лоиҳаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа) рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, - изҳор кард дар нишасти матбуотии имрӯза ба журналистон раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии қарзи Чин 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки 27 млн. долллари ИМА-и он ба сохтмони нақбу пулҳо дар ин роҳ масраф гардида, 15 млн. долллари ИМА-и боқимонда бевосита ба сохтмони роҳ равона хоҳанд шуд.
«Барои ҷалби сармоя ҷиҳати сохтмони ин роҳ мо бо ҷониби Чин як силсила гуфтушунидҳо анҷом додем ва ҳафтаи оянда дар бораи ҷудо гардидани воситаҳои дархостшудаи мо созишнома ба имзо мерасад», - зикр кард номбурда.
Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», то имрӯз аз ҳисоби воситаҳои корхона 5 километри қисмати роҳи Ваҳдат-Ёвон бунёд шудааст, ки масофаи умумии он бояд 40,7 километрро ташкил диҳад.
Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ дар беш аз 27 километри қисмати мазкур идома дошта, қисмати боқимонда дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста