Маъракаи барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қламрави Тоҷикистон Тоҷикистон аз 15-уми ноябр то 15-уми декабр баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, бо назардошти маҳдуд гаштани рафту омад дар фасли зимистон ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ гузаронидани барӯйхатгирӣ пеш аз мӯҳлати асосӣ, яъне аз 15 сентябр то 15 октябр дар ВМКБ, ноҳияҳои водии Рашт, Варзоб, ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд, ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба барӯйхатгирии кишоварзӣ, сари вақт омода намудани харитаҳои шаҳрӣ то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин кор ба сомон расонида шудааст.
«Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни заминро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода намуда, ба Агентӣ пешниҳод намуд, - хабар медиҳал Агентии омор. - Бо мақсади ба барӯйхатгирӣ пурра фаро гирифтани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар маҳалҳо аниқкунии рӯйхатҳои таоми истифодабарандагонии замин бо шумули муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ, фарҳанг, корхонаҳои саноатию нақлиётӣ, хизмати алоқа ва дигар муассисаҳо муайян карда шуд».
Зимнан зикр мегардад, ки ба барӯйхатгирии кишоварзӣ ҳамҷунин муассисаҳои пӯшида, ки хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ доранд, низ фаро гирифта мешаванд. «То ба имрӯз аз ҷониби Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯйхатҳо пешниҳод шудаанд», - гуфта мешавад дар маълумоти Агентӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста