- Ба охири моҳи июни соли равон захираи тилову асъори Бонки миллии Тоҷикистон 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, - иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.
«Имрӯз мо беш аз 11 тонна тило захира дорем, ки як қисматаш дар Тоҷикистон ва қисмати дигар дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигаҳдорӣ мешаванд», - зикр кард Ширинов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми захираи тилову асъори Бонки миллӣ бо суръати хуб меафзояд ва ҳаҷми афзоиши солона ба 20-25% баробар аст, вале «ин ҳам ҳанӯз кам аст».
«Танҳо дар он сурат мо хотирҷамъ буда метавонем, ки агар захираи тилову асъори мо ҳаҷми семоҳаи воридоти кишварро рӯйпӯш карда тавонанд. Мутассифона, мо ҳанӯз ба ин сатҳ нарасидаем, зеро захираҳои мо каме зиёдтар аз ҳаҷми думоҳаи воридот мебошанд», - афзуд раиси БМТ.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, яъне ҳаҷми воридоти миёнаи моҳонаи кишвар ба беш аз 333 млн. доллари ИМА баробар аст.
Қобили зикр аст, ки захираҳои тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста